Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ Навалнийро гӯш мекард?


Алексей Навалний
Алексей Навалний
Рӯзи душанбе раҳбари мухолифини Русия Алексей Навалний гуфт, ки дар идорааш дар шаҳри Маскав ҷиҳози пинҳонии шунидан ва ҳатто камераи видео пайдо кардааст. Блогери маъруф Навалний афзудааст, ки баъди дарёфти ин таҷҳизот ӯ фавран ба полис занг задааст.
Полис дар идораи Навалний ду микрофон, ҷиҳози ирсоли садо, камера ва батарея барои таъмини ин таҷҳизот бо нерӯи барқ дарёфт намудааст. Мақомоти Русия Навалнийро бо азхудкунии маблағҳо дар даврони ҳамкориаш бо волии вилояти Киров дар соли 2009-ум муттаҳам мекунанд, вале тарафдорони Навалний таъкид мекунанд, ки айбнома ҷилои сиёсӣ дошта, ҳадаф аз он мутаваққиф намудани фаъолиятҳои сиёсии Навалний мебошад.
XS
SM
MD
LG