Пайвандҳои дастрасӣ

Гаравгонгирон мегӯянд, се эронӣ кушта шуданд


 Ошӯбгарон дар Сурия гаравгонҳои эрониро намоиш медиҳанд

Ошӯбгарон дар Сурия гаравгонҳои эрониро намоиш медиҳанд

Як гурӯҳи ошӯбгарон дар Сурия, ки масъулияти гаравгонгирии 48 шаҳрванди Эронро бар дӯш гирифтааст, рӯзи душанбе иброз дошт, ки бар асари бомбаборони яке аз маҳаллаҳои канори шаҳри Димашқ се гаравгони эронӣ кушта шуданд.
Гурӯҳи ал-Барааи артиши озоди Сурия мегӯяд, раҳбари ин гурӯҳ-Абдулносир Шумайр гуфтааст, агар бомбаборон идома ёбад, ӯ ҳар эронии гаравгонро, ки узвияташ дар сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон собит шудааст, ба қатл хоҳад расонд. Эрониҳо рӯзи шанбе ҳангоми ҳаракат дар як автобус боздошт шуданд.
Мақомоти Эрон мегӯянд, ки боздоштшудагон сайёҳ буда, барои зиёрат аз ҷойҳои муқаддаси Димашқ ба Сурия рафта буданд.
Рӯзи якшанбе телевизиони ар-Арабия навори эрониҳои боздоштшударо намоиш дод. Дар ин навор гурӯҳи силоҳбадасти гаравгонгир исрор меварзид, ки гаравгонҳои узви сипоҳи посдорони инқилоб буда, бо ҳадафи иктишоф ба Сурия омадаанд.
XS
SM
MD
LG