Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полис шахсияти қотили сикҳҳоро ошкор кард


Дар ибодатгоҳи сикхҳо дар шаҳри Оук-Крики аёлати Висконсини ИМА равоншиноси собиқи артиши Уэйд Майкл Пэйҷ оташ кушодааст. Ба гуфтаи кормандони полис, Пэйҷ солҳои 90-ум дар пойгоҳи низомии Форт-Брэггдар Каролинаи шимолӣ хизмат мекард. Ангезаи ин ҳамла то ҳол маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки бар асари тирандозӣ дар ибодатгоҳи сикхҳо шаш нафар ба ҳалокат расида, се тани дигар, аз ҷумла, як корманди полис маҷрӯҳ шуданд. Дар тирандозӣ худи ҳамлагар ҳам кушта шуд.

Дар Амрико тақрибан ним миллион сикҳҳо ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG