Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳилларӣ Клинтон бо Нелсон Мандела мулоқот кард


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, дар чаҳорчӯби сафараш ба кишварҳои қораи Африқо имрӯз бо раҳбари пешини Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ Нелсон Мандела мулоқот кард. Ин сӯҳбат дар манзили Манделаи 94-сола пушти дарҳои баста баргузор шуд. Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел ва нахустин раҳбари сиёҳпӯсти Африқои Ҷанубӣ моҳҳои ахир хело кам дар ҷамъи мардум ҳозир мешавад.

Хонум Клинтон се рӯз дар Ҷумҳурии африқои ҷанубӣ хоҳад монд ва бо мақомоти ин кишвар масоили иқтисодиро баҳсу баррасӣ мекунад.Баъдан ӯ ба Нигерия ва Бенин сафар ва бо сарони он кишварҳо масоили марбут ба амният, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухадир ва ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ мекунад.

Дар поёни сафари даҳрӯзааш ба Африқо вазири умури хориҷии ИМА дар Гана дар маросими дафни раҳбари пешини ин кишвар Ҷон Атто Миллза ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG