Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳарчанд то хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон ягон ду соли дигар аст, бисёре аз афғонҳо аллакай таъсири онро ҳис мекунанд.

Аз ҷумла бозори хона дар Кобул, ки дар давраи ишғолгарии хориҷӣ рӯ ба шукуфоӣ ниҳода буд, акнун дар баробари ояндаи номуайян бо суръати зиёд фурӯ меравад.

Миллиардҳо доллари ёриҳои хориҷӣ Кобулро обод карданд ва бозори маскани онро ба сатҳи олӣ бароварданд. Вале акнун аломатҳое намудор шудаанд, ки эҳтимол ин бозор ба садама дучор гардад. Бозоре, ки тоҷирони сарватманди афғон, сафоратҳои хориҷӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ ба вуҷуд оварда буданд, имрӯз мисли пештара гарму пуршӯр нест.

Абдулсамеъ Мирзо, ки дар ин солҳо аз ҳамин бозор сарвате ҷамъ овард ва ҳамоно беҳтарин хонаҳоро дар Корти Сеи Кобул мефрӯшад ё ба иҷора медиҳад, мегӯяд, рӯзҳои хуб гузаштаанд: "Харидор нест. Вазъи сиёсӣ бад аст ва одамон аз харид метарсанд. Бисёриҳо дубора ба хориҷа бармегарданд. Афғонистонро ба куллӣ тарк мекунанд.”

Ба ақидаи Мирзо, ин ҳамаро тарс ба миён овардааст. Бо бурунрафти даҳҳо ҳазор сарбози НАТО, амният дар кишвар зери суол меравад ва талабот ба манзил ва нархи он дар гузарҳои сарватманди Кобул то 50 дарсад кам шудааст. Дар ин ҷо асосан соҳибкорони афғон ва кормандони хориҷӣ зимндагӣ мекунанд.

Ҳамагӣ 12 моҳ пеш Мирзо як хонаро, ки 240 метри мураббаъ замин дошт, ба 21 000 доллар дар моҳ иҷора дод. Аммо мӯҳлати қарордод бо хуруҷи созмони ғайридавлатии бритониёӣ аз Афғонистон ба поён мерасад. Маълум нест, чунин манзили калонро баъдан кӣ ба иҷора хоҳад гирифт. Ҳарчанд ӯ иҷорапулиро 9000 доллар кам кард, то ҳол талабгоре пайдо нашудааст.

Абдул Ҳамид, тоҷири афғон панҷ сол пеш аз Ғазнӣ ба Кобул кӯчид. Он вақт бозори манзил дар ҷӯш буд ва Ҳамид ба сохтани хонаҳо машғул гашт. Ҳоло вай зери бори қарз аст ва мехоҳад, бо ҳар қимате ки бошад, биноҳои навашро бифурӯшад ва кишварро тарк кунад: "Ҳар шаб фикри онро мекунем, ки дар Афғонистон бимонем ё биравем. Пул гум шудааст. Ҳар рӯз зарари молӣ мебинам. Одамон пули худро зери дандонашон медоранд ва касе харҷ кардан намехоҳад, зеро намедонад, субҳ чӣ мешавад.”

Гап сари он нест, ки талабот ба маскан коҳиш ёфтааст. Амалан, талабот ба хонаи арзон ё миёна дар Кобул ҳаргиз ин гуна баланд набуд. Камии манзил дар баробари афзоиши босуръати аҳолӣ як мушкили сахти иҷтимоиро ба миён овард. Дар даҳ соли охир аҳолии Кобул аз 1 миллион ба 5 миллион нафар расид. Вале шукуфоии бозорро талаботе ташкил медод, ки аз тарафи хориҷиён ва ҳам афғонҳои баргашта зуҳур мекард.

Томас Риттинг, ҳамраиси Шабакаи Таҳлилии Афғонистон, мегӯяд, ёриҳои бузурги байнулмилалӣ, ташаккули “иқтисодиёти ҳарбӣ”, боз шудани ҳазорон имконияти нав бисёре аз афғонҳоро, ки дар хориҷа зиндагӣ мекарданд, ба ватан бозгардонд. Ин раванд ба бозори манзил низ таъсир дошт. Акнун зери фишори тарсу ҳарос аз ояндаи номаълум, бозгаштаҳо бо сармояи бештар ба кишварҳое бармегарданд, ки аз он ҷо омада буданд.

Чунин дурнамо иқтисоди бе ин ҳам заифи Афғонистонро, ки қариб батамом вобастаи ёриҳои хориҷист, ба мушкил рӯбарӯ мекунад. Тибқи омори Сандуқи Байнулмилалии Пул, ёриҳои беруна дар соли 2010 наздик ба 97 дарсади маҷмӯи маҳсулоти нохолисии миллии Афғонистонро ташкил додаанд.
XS
SM
MD
LG