Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тими мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-14) дар «Ҷоми Дӯстӣ» дар Қирғизистон ду пирӯзӣ ба даст овард.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ бо ширкати шаш даста аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Туркманистон дар шаҳрҳои Бишкек ва Кант ҷараён дорад.

Футболбозони навраси тоҷик таҳти раҳбарии сармураббӣ Раҷаб Расулов нахуст бар тими «Динамо-Юниор»-и Омски Русия бо ҳисоби 4:1 ғолиб омаданд. Голҳо: Вафо Сӯфиев, 3 (0:1). Вафо Сӯфиев, 24 (0:2). Рустам Толибов, 46 (0:3). Калантаев, 69 (1:3). Рустам Толибов, 70+2 (1:4).

Дар даври дувум мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи аввали мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ҳарду голро Вафо Толибов дар дақиқаҳои 34-ум ва 57-ум ба самар расонд.

Баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа мунтахаби Тоҷикистон бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Бозии севуми футболбозони навраси тоҷик имрӯз, 6-уми август, дар варзишгоҳи «Абдиш-Ота»-и шаҳри Кант бо ҳамсолонашон аз Туркманистон баргузор мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG