Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳқиқи марги Бобоев аз сӯи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ


Исмонбой Бобоев

Исмонбой Бобоев

Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз мақомоти тоҷик дар бораи қазияи марги Исмонбой Бобоев маълумот пурсидааст.

Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал аз давлати Тоҷикистон талаб кардааст, ки дар тӯли шаш моҳ дар бораи қазияи марги Исмонбой Бобоев, як сокини шаҳри Исфара, маълумот пешниҳод кунад. Ин дархост ба дунболи шикояти Ҷӯрабой Бобоев - падари Исмонбой Бобоев ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ фиристода шудааст.

Вакили дифоъ, Сергей Романов, ба Радиои Озодӣ гуфт, "шикоят марбут ба азсаргирии таҳқиқи мустақилонаи парванда ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани шахсони гунаҳкор дар марги Исмонбой Бобоев аст." Ин вакили дифоъ афзуд, "ин амал бозгӯи он аст, ки василаҳои муассири ҳимояти ҳуқуқӣ дар сатҳи миллӣ таъмин намешавад ва таҳқиқи қонунӣ анҷом намегирад."

Исмонбой Бобоев рӯзи 19-уми феврали соли 2010-ум аз сӯи Манучеҳр Акбаров ва Фирдавс Шокиров -- кормандони шӯъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфта ё "шӯъбаи 6-ум" дар Хуҷанд боздошт шуда буд. Идораи умури дохилии Суғд мегӯяд, Бобоевро ба гумони ҳамкорӣ бо Ҳаракати Исломии Узбакистон ва ёрмандӣ ба аъзои ин ҷунбиш боздошт кардаанд.

Исмонбой дар ҷараёни бозпурсӣ дар бинои "шӯъбаи 6-ум"-и Хуҷанд ба ҳалокат мерасад ва бегоҳи рӯзи боздошт маъмурони пулис ҷасади ӯро ба наздиконаш месупоранд. Ба гуфтаи хешовандону ҳамсояҳои Исмонбой, ки ҷасади ӯро дидаанд, вай бар асари шиканҷа ва расонидани барқ кушта шуда, дар баданаш осори лату кӯб, дар як дасташ нишонаи сӯхтагӣ ва дар пушти сараш варам боқӣ монда буд.

Аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғд зери шиканҷа ба ҳалокат расидани Исмонбой Бобоевро рад мекунанд. Рауф Юсупов, сардори собиқи Идораи умури дохилии Суғд, дар нишасти хабарии худ моҳи апрели соли 2010-ум гуфта буд, ки "рӯзи аввал мо ташхис гузаронидем, дар ҷасад ягон нишонаи зӯроварӣ ошкор карда нашуд. Исмонбой Бобоев касалӣ доштасту вақти пурсиш ногаҳон забон фурӯ мебарад ва то расонидани ёрии тиббӣ ҷон медиҳад."

Дар пайи шикоятҳои батакрори падари Исмонбой Бобоев ба мақомоти Тоҷикистон барои таҳқиқи марги писараш 25-уми марти соли 2010-ум додситонии Суғд нисбат ба 2 корманди шӯъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфта -- Манучеҳр Акбаров ва Фирдавс Шокиров мутобиқи 4 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - “куштор”, “қаллобӣ”, “тамаъҷӯӣ“, “сӯистифода аз мансаб” парванда боз кард. Аммо пас аз 3 моҳ ба далели бемории гумонбарон таҳқиқи парванда мавқуф гузошта шуд.

Волидайни Исмонбой Бобоев масъулияти марги ӯро ба дӯши давлат гузоштаанд, ки намехоҳад қотилони воқеияшро назди қонун ба ҷавобгарӣ кашад. Дар ҳоле ки гумонбарони аслӣ, ба гуфтаи онҳо, маълуманд. Вакили дифоъ Сергей Романов мегӯяд, ба дунболи муроҷиат ба мақомоти масъули Тоҷикистон, аз ҷумла додситонии кул ва додгоҳи конститутсионӣ ва расидагӣ нашудан ба арзи онҳо билохира ба СММ муроҷиат кардаанд.

Шикоятномаи Ҷӯрабой Бобоев 9-уми июл ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ирсол шуда, рӯзи 17-уми июл аз сабти ном шудани он хабар расидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG