Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии наврасони тоҷик ба Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) аз тими “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби 1:6 шикаст хӯрд.

Ин бозии санҷишӣ рӯзи 5-уми август дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, дар доираи омодагиҳои мунтахаби наврасони кишвар ба мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон, ки аз 20-ум то 30-юми сентябр дар шаҳри Ишқобод баргузор мешавад, барпо гардид. Голҳо: Дилшод Восиев, 34 – аз пеналтӣ (1:0). Даврон Эргашев, 39 (2:0). Суннат Холов, 49 (2:1). Юсуф Рабиев, 82 (3:1). Ҷаҳонгир Ҷалилов, 86 (4:1). Ричард Бортей Окайҷа, 90+2 (5:1). Александр Кудряшов, 90+5 (6:1).

Дар ин бозӣ дар ҳайати дастаи “Истиқлол” ба ғайр ду бозигари нав - Ричард Бортей Окайҷа, ҳамлагари 21-солаи африқоӣ ва Умедҷон Шарифов, нимҳимоятгари 19-сола аз бошгоҳи футболи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, дигарон дар нимаи дувуми дидор иваз шуданд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Нӯъмон Юсуфов омодагӣ мебинад.

Ин мусобиқаи анъанавӣ ҳарсол моҳи феврал бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Туркманистон доир мешуд. Бо пешниҳоди Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, ин мусобиқа ба моҳи сентябр гузаронида шуд ва он дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ шудани Консепсияи раёсати Туркманистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2012-ум барпо мегардад.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 35 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми раисиҷумҳур ва 20 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд. Дастае, ки ҷойи дувумро мегирад, бо 10 ҳазор доллар ва дастае, ки ҷойи севумро касб мекунад, бо 5 ҳазор доллар мукофотонида мешаванд.

Дар мусобиқоти пешин дастаҳои бузургсолон аз Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдова, Русия, Украина, Узбакистон, Тоҷикистон, Эстония, Баҳрайн, Эрон, Туркия, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Тайланд ва Туркманистон ширкат карда буданд.

Имсол бо тасмими ташкилкунандагони мусобиқа дастаҳои мунтахаби наврасон (U-17) барои Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон талош хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG