Пайвандҳои дастрасӣ

Навтарин киштии кайҳонии Амрико бо номи "Куриосити" дар як маъмурияти ҳассос дар сайёраи Миррих фуруд омад.

Дар иқдоме, ки "баландпарвозонатарин талош дар таърих барои расидан ба Миррих" номида шудааст, Созмони ҳавонавардии Амрико - НАСА, тавонист рӯзи душанбе як озмоишгоҳи сайёрро бо муваффақият дар сатҳи ин сайёраи сурх фуруд оварад.

Киштии кайҳонии Оҷонси фазонавардии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки моҳи ноябри гузашта (ҳудуди нӯҳ моҳ пеш) ба фазо партоб шуда буд, бахше аз як маъмурияти илмиест, ки барои таҳқиқ дар мавриди имкони вуҷуди шароити ҳаёт дар ин сайёра тарроҳӣ шудааст.

Ба гузориши Ассошиэйтед-Пресс, Оҷонси фазонавардии Амрико - НАСА бузургтарин киштии кайҳонии худро, ки 900 килограмм вазн дорад, бар сатҳи ин сайёра фуруд овард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG