Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла болои Салиби Сурх дар Мисротаи Либия


Афроди номаълум дар шаҳри Мисротаи Либия бо истифода аз норинҷаку гулӯла болои бинои истиқоматии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ҳамла кардаанд. Ба қавли Салиби Сурх бино зиёни зиёд дидааст. Ҳангоми ҳамлаи рӯзи якшанбе ҳафт ходими Салиби Сурх дар дохили бино будаанд, вале кадоме аз онҳо ҷароҳат набардошааст. Феълан ҳамаи онҳоро ба шаҳри Троблус интиқол додаанд. Салиби Сурх мегӯяд, ҳамла маънои онро дорад, ки ин созмон кораш дар Мисрота ва шаҳри шарқии Бенғозиро мутаваққиф мекунад. Салиби Сурх илова кардааст, ки дар тӯли се моҳи гузашта дар ду шаҳри ёдшуда ин созмон панҷ дафъа мавриди ҳамла қарор гирифтааст.
Мақомоти Либия мегӯянд, ки рӯзи якшанбе дар наздикиҳои Троблус се фардим уттаҳам бо тарҳрезии ҳамла болои идораи Салиби Сурх кушта шуданд. Дар амалиёти Азизия, воқеъ дар 40 километрии ҷануби пойтахти Либияи панҷ узви бригадаи махсуси вазорати корҳои дохилии Либия ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG