Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла болои ибодатгоҳ ҳаёти 7 касро аз байн бурд


Ибодатгоҳи марказии сикҳҳо дар Амритсари Ҳиндустон
Ибодатгоҳи марказии сикҳҳо дар Амритсари Ҳиндустон
Рӯзи якшанбе президенти ИМА Барак Обама иброз дошт, ки аз марги ҳафт нафар дар ибодатгоҳи сикҳҳо дар айёлати Висконсин «хеле ҳам ғамгин» аст. Дар изҳороти президент Обама бо таассуф таъкид шудааст, ки ҳамла дар макони ибодати сикҳҳо ба вуқӯъ пайвастааст.
Полиси шаҳраки Оак Крики канори шаҳри Милуоки мегӯяд, силоҳбадаст оташ кушода, шаш нафарва аз ҷумла як афсари полисро ба қатл расонд. Афсарони дигари полис ӯро ҳам ба қатл расонданд.
Дар пайи ҳамла полис ибодатгоҳро иҳота намуда, дар он кофтукоби муфассал гузаронд. Баъд афсарони полис гуфтанд, ки силоҳбадаст танҳо буд, вале ному насаби ӯро ошкор накарданд.
Моҳи гузашта дар шаҳри Аврораи аёлати Колорадои ИМА як силоҳбадаст ҳангоми намоиши филм болои кинотеатр ҳамла карда, 12 нафарро ба ҳалокат расонд. Дар ин ҳуҷум даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG