Пайвандҳои дастрасӣ

Дилшод Назаров дар Лондон ҷои 10-умро ишғол кард


Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров

Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров

Рӯзи якшанбе дар сабқати ниҳоии гурзандозон Дилшод Назарови 30-сола бо натиҷаи 73 метру 80 сантиметр дар бозиҳои олимпии Лондон ҷои даҳумро ишғол кард. Бояд гуфт, ки рӯзи ҷумъа ҳангоми қуваозмоии интихобӣ натиҷаи Назаров беҳтар буд. Ӯ гурзро ба масофаи 75 метру 91 сантиметр ҳаво дода, ҷои ҳаштумро ишғол кард ва ҳамзамон ба сабқати ниҳоӣ роҳхат гирифта буд.
Дар байни гурзандозон Кристиан Парс аз Маҷористон ҷои аввал, гурзандози Словения Примоз Козмус, ки қаҳрамони бозиҳои олимпии соли 2008-ум мебошад, дар ҷои дуюм ва Коҷӣ Мурофушии японӣ ёхуд ҷопонӣ ҷои сеюмро ишғол карданд.
XS
SM
MD
LG