Пайвандҳои дастрасӣ

Монтӣ: "Фурӯпошии Аврупоро бояд мутаваққиф намуд"


Сарвазири Италия Марио Монтӣ

Сарвазири Италия Марио Монтӣ

Сарвазири Италия Марио Монтӣ ҳушдор додааст, ки фурӯпошии равонии Аврупо бояд мутаваққиф гардонида шавад. Рӯзи якшанбе дар мусоҳибааш бо маҷаллаи олмонии Шпигел Монтӣ иброз доштааст, ки бӯҳрон дар минтақаи гардиши евро хашму ғазаби миллиро афзоиш додааст ва ин омил метавонад Иттиҳодияи Аврупоро барҳам занад. Дар ҳамин ҳол муфаттишони Комиссияи Аврупоӣ, Бонки марказии Аврупо ва Сандуқи байналмилалии пул музокирот бо ҳукумати нави Юнонро ба поён расонданд. Пол Томсен-раиси ҳайати сегонаи байналмилалӣ, гуфт, музокирот ба пешрафт ноил шуда, моҳи сентябр даврии навбатии он оғоз меёбад. Ҳукумати Юнон пешниҳод кардааст, ки хароҷоташро 11,5 миллиард евро коҳиш диҳад, то сегонаи байналмилалӣ тақдими бахши навбатии қарзро тасдиқ кунад.
XS
SM
MD
LG