Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамиди Суриён ба Эрон медали тилои Лондонро овард


 Ҳамид Муҳаммад Суриён Райҳонпур -чемпиони бозиҳои олимпии Лондон дар гуштии юнониву румӣ
Ҳамид Муҳаммад Суриён Райҳонпур -чемпиони бозиҳои олимпии Лондон дар гуштии юнониву румӣ
Рӯзи якшанбе гуштигири тарзи юнониву румӣ Ҳамид Муҳаммад Суриён Райҳонпур барои Эрон аввалин медали тилои олимпӣ дар ин навъи варзишро овард. Ӯ дар сабқати ниҳоии вазни то 55 килограмм варзишгари озарӣ Равшан Байрамовро ноком кард. Суриён панҷ дафъа қаҳрамони олам шудааст, вале ин аввалин медалии тилоии ӯ дар бозиҳои олимпӣ мебошад. Заминан, ин аввалин медали тилоии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бозиҳои олимпии Лондон буд.
Ҳамчунон дар рӯзи нуҳуми бозиҳои олимпии Лондон варзишгарони Беларус ба ин кишвар аввалин медали тилои бозиҳои олимпии Лондонро оварданд.
Дар сабқати ниҳоии тениси майдон дар байни ҷуфтҳои мардум зан беларусиҳо Макс Мирний ва Виктория Азаренко соҳибони майдон варзишгарони Британия Эндй Марӣ ва Лора Робсонро шикаст дода, соҳиби медали тило шуданд. Ҷои ёдоварист, ки дирӯз Эндӣ Марӣ дар қуваозмоии ниҳоии миёни мардон тенисбози швейтсарӣ Роже Федерерро ноком карда, қаҳрамони олимпӣ шуда буд.
Дар мусобиқаи тениси майдони миёни ҷуфтҳои занона хоҳарон Венус ва Серена Вилямс ҷуфти варзишгарони Ҷумҳурии Чехро мағлуб намуданд. Ин хоҳарон барои аввалин бор дар таърихи тенис қаҳрамонони чоркаратаи бозиҳои олимпӣ шудаанд.
Дар миёни вазнабардорони вазнинтарин зани Чинӣ Жоу Татяна Каширинаи Русияро шикаст дода, ҷои аввалро ишғол кард.
Дар дави марафонии миёни занон Тикӣ Геланаи эфиопӣ ҷои аввалро ишғол кард.
Олга Рипаковаи қазоқистонӣ дар сабқати ҷаҳиши секарата бо натиҷаи 14 метру 98 сантиметр пирӯзи бозиҳои олимпӣ эълон шуд.
XS
SM
MD
LG