Пайвандҳои дастрасӣ

Боз як унвони қаҳрамонии хоҳарон Виллямсҳо


Венус ва Серена Виллямс баъди пирӯзии имрӯза

Венус ва Серена Виллямс баъди пирӯзии имрӯза

Теннисбозони амрикоӣ апаву хоҳар Венус ва Серена Виллямс дар Бозиҳои олимпии Лондон дар сабқати ҷуфтҳои занонаи теннис соҳиби нишони тило шуданд. Онҳо дар даври ниҳоӣ бар рақибони чехи худ Андреа Ҳлавачкова ва Люсӣ Ҳрадечка бо ҳисоби яксони 6-4 ва 6-4 пирӯз шуданд. Виллямсҳо дар сабқати ҷуфтҳои занона соли 2000 дар Сидней ва соли 2008 дар Пекин низ қаҳрамони олимпӣ шуда буданд. Венус дар Сидней ва Серена дар Лондон дар сабқати якка низ медали тилоро ба худ ихтисос доданд.
XS
SM
MD
LG