Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давандатар аз Болт дар олам нафаре ҳаст?


Усайн Болт

Усайн Болт

Имрӯз, дар рӯзи 9-уми Бозиҳои олимпии Лондон, тамоми дидаҳо ба сабқати дав ба масофаи 100 метр дӯхта мешавад. Усайн Болт аз Ямайка бояд собит кунад, ки давандатар аз ӯ дар ин сайёра касе нест. Аммо Усайн Болт, ки дар Олимпиадаи Пекин 3 нишони тило гирифта буд, дар сабқати дави як моҳи пеш дар Ямайка аз ҳамватанаш Йоҳан Блейк ду дафъа шикаст хӯрд.
Ва ҳам имрӯз дар сабқати теннис Эндӣ Мюррей аз Бритониё дигарбора ба дидори Роҷер Федерер аз Швейтсария хоҳад рафт. Дар рақобати қаблии онҳо дар даври ниҳоии Ҷоми Уимблдон дар соли ҷорӣ бахт ба рӯи Федерер хандида буд.
XS
SM
MD
LG