Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори куштаҳо дар ҳамлаи Яман ба 45 расид


Дар як таркиши маргталабонаи дирӯза алайҳи як маросими дафн дар шаҳри Ҷаъри вилояти Абёни Яман дастикам 45 тан кушта ва беш аз 35 тан захмӣ шудаанд. Бомбгузор қабилаеро ба ҳадаф дошт, ки ба артиши Яман дар ҷанг алайҳи Ал-Қоида кумак мекунад. Бино ба хабарҳо, фармондеҳи шибҳанизомиҳои ин маҳалл, ки алайҳи Ал-Қоида меҷангид, низ кушта шудааст. Бино ба хабари дигар, бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар шарқи Яман 5 узви Ал-Қоида кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG