Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кайҳоннаварди ягонаи Сурия ҳам тарки Асад кард


Муҳаммад Аҳмад Форис(Акси соли 1987)

Муҳаммад Аҳмад Форис(Акси соли 1987)

Матбуоти Туркия мегӯяд, ки генерал Муҳаммад Аҳмад Форис – ягона кайҳоннаварди Сурия – имрӯз дар пайи гузаштан ба тарафи мухолифини режими Башор Асад ба Туркия фирор кардааст. Хабаргузории Анатолия хабар дод, ки Форис қабл аз фирор ба Туркия ба хотири намоиши ҳмраъйӣ аз ситоди Артиши ҳуррияти Сурия дар Ҳалаб боздид кард. Форис зодаи Ҳалаб буда, соли 1987 тавассути киштии кайҳонии шӯравӣ ба мадор парвоз карда буд.
XS
SM
MD
LG