Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тирҳо"-и Покистон ду вазири афғонро "аз пой даровард"


Парлумони Афғонистон аз ҳукумати ин кишвар хост то вазири умури дохилӣ ва дифоъро барканор кунад.
Парлумони Афғонистон аз ҳукумати ин кишвар хост то вазири умури дохилӣ ва дифоъро барканор кунад.

Парлумони Афғонистон барои бори нахуст ба ду вазири амниятӣ изҳори нобоварӣ кард ва раиси ин ҷумҳурӣ салби салоҳияти ҳардуро пазируфт.

Вулусӣ Ҷирга аз раисиҷумҳур Ҳомиди Карзай хост, то вазири умури дохила Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ ва вазири дифоъ Абдураҳим Вардакро барканор ва ба ҷои онҳо афроди шоистаеро пешбарӣ кунад.

Ин ду вазирро рӯзи шанбе ба парлумон хонданд, то дар бораи вазъи амниятии кишвар гузориш диҳанд. Як мавзӯъи асосии баҳс вазъ дар вилояти Кунар буд. Дар авоили ҳафта бар асари ҳамлаи садҳо толиб ба ин вилояти ҳаммарз бо Покистон як сарбоз ва як зан кушта шуд. Мақомоти афғон мегӯянд, толибҳоро дар ин талоши тасарруфи 8 вулусволии Кунар сарбозони покистонӣ ҳамдастӣ мекарданд. Қабл аз ин, дар поёни моҳи июл бар асари шиллики беш аз 300 мушаку тири тӯп аз ҷониби Покистон дар Кунар дастикам 4 тан ҷон бохтанд. Ин рӯйдодҳо бо вуҷуди тардидҳои Покистон, боиси эҷоди таниши наве байни Кобулу Исломобод шудааст.

Вазири умури дохилаи Афғонистон Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ дар парлумон изҳори таассуф кард, ки натавонист пеши роҳи ин ҳамлаҳоро бигирад: “Мо мутаассиф ҳастем, ки мардуми шариф ва мутадаййини Кунар дар онҷо зарар диданд,
Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири умури дохилии Афғонистон
Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири умури дохилии Афғонистон
садҳо хонавода аз онҷо муҳоҷир шудаву кӯмаке, ки ҳам лозим буд, барояшон сурат нагирифт. Ва ҳамин субҳ ҳам, ки ман омадам, боз ду рокет омада буд. Умедвор ҳастам, ки давлат бисёр ҷиддӣ бигирад инро.”

Аммо бо ин вуҷуд, парлумон Бисмиллоҳхон ва Вардакро ба иштибоҳу нокомӣ дар амри расидагӣ ба вазъи вилояти Кунар айбдор кард ва ин иттиҳом ҳамроҳ бо мавзӯъи фасоди густарда дар ҳарду вазорати умури дохила ва дифоъ, ки низ аз сӯи вакилон матраҳ шуд, дар ниҳоят бо изҳори нобоварӣ ба ҳарду узви муҳими кобинаи Ҳомиди Карзай анҷомид.

Абдурауф Иброҳимӣ, раиси маҷлис гуфт, аз 228 вакили ҳозир дар ҷаласа ба Бисмиллоҳхон 126 нафар ва ба Вардак 148 тан, яъне беш аз нисфи вакилон, раъйи мухолиф доданд, ки роҳро барои барканории онҳо аз мақом ҳамвор мекунад.

Таҳлилгари афғон Юнус Факур мегӯяд, алайҳи вазири дифоъ райъ додани ҳатто вакилони тарафдори Карзай ҳокист, ки Арки раёсатҷумҳурӣ ҳам дар азми аз кобина рондани Абдураҳим Вардаки бо Ғарб хеле наздик даст дорад, вале Ҳомиди Карзай шояд талош бикунад, аз вазири дохилааш Бисмиллоҳхон то ҳадди тавон ҳимоят кунад. Аммо ба сурати умум, ба ақидаи ӯ, салби салоҳияти ин ду вазир аз сӯи парлумон ҳушдорест қавӣ ба вазирони дигари афғон, ки дар иҷрои вазифаи худ саҳлангорӣ накунанд: “Ман фикр мекунам, ин ба вазирони бекораву ришватхӯри дигар ҳам як сигнал аст ва мо шояд шоҳиди боз қадамҳои дигаре ҳам бошем, ки дар кобина ҳамин гуна истезоҳот боз ба миён биояд.”

Вадир Софӣ, устоди Донишгоҳи Кобул мегӯяд, салби салоҳияти ду вазир ва он ҳам вазирони бахши амниятӣ боқии вазиронро ҳатман ба сӯи ислоҳи шеваи кор ва ҳам шеваи бархӯрд ва муносибати онҳо бо аъзои парлумон такон хоҳад дод. Ба ақидаи ӯ, баъид нест, ин такон иҷрои ислоҳот дар кори вазоратхонаҳоро суръати бештар диҳад: “Вазирони дигар бояд ин фикрро бикунанд, ки агар онҳо ҳам вазоифи худро ба наҳве ҳасана анҷом надиҳанд, сарнавишташон ҳамин хоҳад буд, ки ин на барои худи онҳо хуб аст ва на барои низом. Ва шояд ақаллан он ислоҳотеро, ки аз пешашон хоста шуда, онро ба мавқеъ иҷро бикунанд, то онҳо ҳам дучори истезоҳ нашаванд.”

Парлумони Афғонистон гузаштаи изҳори нобоварӣ ба вазиронро қаблан ҳам дошт, вале бори аввал аст, ки ба вазирони бахши амниятии кобинаи Карзай раъйи адами эътимод медиҳад. Ва ҳам агар дар гузашта вузарои аз сӯи парлумон
Абдураҳим Вардак, вазири дифои Афғонистон
Абдураҳим Вардак, вазири дифои Афғонистон
салбисалоҳиятшуда муддатҳо сарпарасти вазорат боқӣ мемонданд, ин бор дафтари Ҳомиди Карзай қарори парлумонро усулан пазируфт ва гуфт, салби салоҳияти вазирон аз ҷумлаи салоҳиятҳои Вулусӣ Ҷирга аст, ки банди 92-юми Қонуни асосии Афғонистон барояш қоил шудааст. Дафтари Карзай гуфт, тасмими ниҳоӣ дар мавриди Бисмиллоҳхон ва Вардакро дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ хоҳанд гирифт.

Ва рӯзи якшанбе дар ҷаласаи ин ниҳод Карзай гуфт, ки салби салоҳияти ҳарду вазири амниятиашро мепазирад, вале аз Бисмиллоҳхон ва Вардак хост, ки то интихоби вузарои ҷадид дар мақомҳои худ бимонанд.

Зимнан, ҳамин Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ буд, ки ба муҷарради оғози бӯҳрони Хоруғ дар садри як ҳайъати аршади амниятии Кобул билофосила ба Душанбе омад ва бо ҳамтоёни тоҷикаш ҷиҳати ҳамкорӣ дар амри пешгирӣ аз ҳар навъи талоши кӯмаки низомӣ ба шӯришиҳои Бадахшон аз он сӯи марз чанд тавофуқи муҳим баст. Ва акнун як масъала ин аст, ки оё ҷониби афғонӣ баъди рафтани Бисмиллоҳхон ҳам ба он тааҳҳудот пойбанд хоҳад монд ё аз сӯи шахси раҳбари нави вазорати умури дохилаи Афғонистон бознигарие дар ин ҳамкорӣ низ сурат хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG