Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори занони қочоқбар дар Суғд коҳиш ёфтааст


Имсол дар вилояти Суғд бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ҳамагӣ 6 зан боздошт шудааст, ки аз шаҳри Хуҷанду ноҳияи Исфара будаанд. “Авесто”- ношири хабар мегӯяд, ки ин назар ба 13 зани боздоштшуда дар 7 моҳи аввали соли гузашта 2 маротиба камтар аст. Ҳаҷми кашфу мусодираи қочоқи маводи мухаддир дар шимоли Тоҷикистон низ имсол нисбатан коҳиш ёфта, дар 7 моҳ тақрибан 160 килоро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG