Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як тоҷик бо иттиҳоми қочоқи занон


Дар вилояти Самараи Русия як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми даст доштан дар тиҷорати занону духтарон боздошт шуд. Умаралӣ Идибеков аз сӯи мақомоти Узбакистон барои қочоқи духтарони ноболиғ бо ҳадафи ҷалби онҳо ба танфурӯшӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор доштааст. Гуфта мешавад, ӯ дар Узбакистон бо хушдоманаш Ойшаҳар Ҳаитова шабакае сохта буд, ки аз соли 2004 то 2010 ба тиҷорати духтарон машғул буд. Мақомоти Самара ҳоло масъалаи истирдоди Идибеков ба Узбакистонро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG