Пайвандҳои дастрасӣ

Ду сарбози Зеландияи нав дар Бомиён кушта шуд


Дар як даргирӣ бо ҷангиён дар Афғонистон 2 сарбози Зеландияи нав кушта ва 6 тани дигар захмӣ шудаанд. Ин сарбозон рӯзи шанбе дар наздикии шаҳри Дуоба дар вилояти Бомиён вақти расидан ба кумаки нирӯҳои амниятии афғон кушта шуданд. Дар ин задухӯрд 2 афсари афғон ҳам ҷон бохтааст, вале дар бораи хисороти молии ҷониби чирикиҳо хабаре дастрас нест. Зеландияи нав дар Бомиён 140 сарбоз дорад, ки бояд то поёни соли оянда берун кашида шаванд. То имрӯз дар Афғонистон 7 сарбоз аз Зеландияи нав кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG