Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи маргталабона дар вилояти Абёни Яман


Дирӯз дар як таркиши маргталабона алайҳи як маросими дафн дар шаҳри Ҷаъри вилояти Абёни Яман дастикам 35 тан кушта ва шумори аз ин ҳам бештари мардум захмӣ шудаанд. Бино аба хабарҳо, бомбгузор аҳли қабилаеро ба ҳадаф дошт, ки ба артиши Яман дар ҷанг алайҳи Ал-Қоида кумак мекунад. Бино ба хабарҳо, фармондеҳи шибҳанизомиҳои ин маҳалл, ки алайҳи Ал-Қоида меҷангид, низ кушта шудааст. Бино ба хабари дигар, бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар шарқи Яман 5 узви Ал-Қоида, ки савори як мошин буданд, кушта шуданд. Ба гуфтаи мақомот, ин ҳамла дар наздикии рустои Қофи вилояти Ҳадрамут рух додааст.
XS
SM
MD
LG