Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҳои шадид барои Ҳалаб


Даргириҳои сангин дар Ҳалаб – дувумин шаҳри бузурги Сурия идома дошта, бино ба хабарҳо, нирӯҳои давлатӣ сангарҳои чирикиҳоро бо тӯпу ҳавопаймоҳо бомббор мекунанд. Нирӯҳои давлатӣ дар Димишқ мегӯянд, ки чирикиҳоро аз охирин пойгоҳи онҳо дар канори пойтахт берун андохтаанд. Ин набард дар ҳолест, ки ахиран 48 зоири эрониро аз атрофи як мазори муқаддаси шиъаҳо дар наздикии Димишқ рабуданд. Сарнавишти зоирон ҳанӯз маълум нест. Ба ҳисоби СММ, тайи 17 моҳи ошӯбҳо дар Сурия тақрибан 19 000 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG