Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин ҳамла баъди суқути Қаззофӣ дар Троблус


Рӯзи шанбе дар таркиши мошини бомбгузоришуда дар назди як бинои пулис дар Троблус- пойтахти Либия- дастикам як нафар захмӣ шуд. Мақомоти Либия ҳанӯз нагуфтаанд, ки масъули ин ҳамла кӣ буда метавонад. Фармондеҳи дафтари тафтишотии Троблус Абдулатӣ Ҳасан гуфт: “Мо нафареро ҷустуҷӯ дорем, ки дар паси ин ҳамла меистод. Ва, иншоаллоҳ, мо на натиҷае хоҳем расид.”
Аз замони суқути режими Муаммар Қаззофӣ дар як соли пеш бори аввал аст, ки дар пойтахти Либия чунин ҳамла сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG