Пайвандҳои дастрасӣ

48 зоири эрониро дар Димишқ рабудаанд


Як автобус бо 48 зоири эрониро дар Димишқ рабудаанд. Як мақоми сафорати Теҳрон дар Сурия ба телевизиони Эрон гуфт, ин зоиронро дар роҳи фурудгоҳ “гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ” рабудаанд. Ба гуфтаи Маҷиди Комҷӯ, сарнавишти ин 48 зоир маълум нест ва мақомоти Сурия ин эрониҳо ва гаравгонгиронро ҷустуҷӯ доранд.
XS
SM
MD
LG