Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати муовини фармондеҳи ОМОН дар Хоруғ


Ҳувияти афсари ОМОН, ки ҷасадашро ахиран аз соҳили афғонистонии рӯди Панҷ пайдо карданд, ошкор шудааст.

Хабаргузории ИТАР-ТАСС менависад, ки ин афсар муовини фармондеҳи ин воҳиди вижаи пулис подполковник Фаррух Зарипов будааст. Гуфта мешавад вай рӯзи 24-уми июл дар ҷараёни амалиёти Хоруғ ҳалок гардидааст.

Ҷасади ин низомии 40-соларо сокинони ноҳияи Шуғнони Афғонистон пайдо кардаанд.

Мақомот то кунун ҳалокати 17 тан аз нирӯҳои давлатиро дар амалиёти Хоруғ тасдиқ карда буданд ва ҷанозаи Зарипов ин шуморро ба 18 нафар мерасонад.

Дӯсти Худоёров, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Бадахшон ба «Озодӣ», гуфт, ки ҷасад аз кишвари ҳамсоя ба қароргоҳи ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Бадахшон оварда шуд ва дар наздиктарин фурсат ба мақомоти зиддахли кишвар супурда мешавад.

Дар пайи амалиёти низомии ҳукумат бад зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ, ки дар таърихи 24 июл баргузор шуд, дасти кам 42 нафар аз нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳ кушта шуданд. Роҷеъ ба шумори қурбониҳо дар байни аҳолии мулки иттилои ниҳоӣ дар даст нест.

Амалиёти вижаи нируҳои ҳукуматӣ ба думболи кушта шудани генерал Абдулло Назаров, сардори Раёсати амнияти вилояти Бадахшон сурат гирифт, ки шоми 21 июл ба қатл расид. Ҳукумат масъулияти ин кушторро ба души Толиб Аёмбеков ва се ҷангсолори мухолифини собиқ ва ҳамчунини афроди бонуфуз дар миёни мардуми мулкии вилояти Бадахшон вогузор кард. Худи Аёмбеков, ки сарнавишташ то ҳол маълум нест, иттиҳоми кушторро рад кард.

Ҳамчунин субҳи рӯзи шанбе Қодири Қосим, раиси вилояти Бадахшон дар мулоқот бо фаъолони шаҳр гуфт, ки "амалиёти шабеҳи 24-уми июл дар Хоруғ дигар такрор намешавад". Ба гуфтаи раиси вилоят, мақомот боздошти нафарони гумонбар дар қатли генерал Назаровро бо роҳҳои оперативӣ ҷустуҷӯйи идома медиҳанд. Қодири Қосим ҳамчунин гуфт, афроде, ки дар муқовимат иштирок доштанд, вале ҷинояти вазнин содир накардаанд ва акнун силоҳи худро ба намояндагони ҳукумат таслим кардаанд, аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд буд.

Раиси вилоят гуфтааст, ки тибқи супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, масоили боқимонда дар ин минтақа бояд "бидуни истифода аз силоҳ" ва "бо роҳи мусолиҳатомез" ҳал шавад.

Феълан дар шаҳри Хоруғ бозору дӯконҳо ба таври комил ба кор пардохта, сокинон бо тариқи ҳашар кӯчаву хиёбонҳоро тамиз мекунанд.

Тибқи иттилои дигар, кӯмакҳои башардӯстонае ба вилоят расидааст, ки интизор меравад ба коҳиши қиммати маводи озуқа дар шаҳр мусоидат кунанд. Дар Бадахшон наздик ба ҳашт ҳазор ашхоси камбизоат ба қайд гирифта шудааст ва ёриҳои башардӯстона дар навбати аввал ба ҳамин гурӯҳ ироа мешавад. Беш аз 800 хонаводаи камбизоат, ки дар ҷараёни амалиёт зарар дидаанд ба кӯмакҳои бештар ниёз доранд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG