Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати як чирикӣ ва як афсари ОМОН дар Доғистон


Пулиси Доғистони Русия мегӯяд, дар даргирӣ дар як рустои атрофи Махачқалъа як афсари ОМОН ва як ҷангии таҳти пайгард кушта шуд. Пулис ин нафарро Юсуп Муртазалиев ва раҳбари якгурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунии дахил дар терроризм ном мебарад. Пулис ӯро субҳи шанбе дар рустои Шамхал гирд кардааст ва дар ҷараёни задухӯрд Муртазалиевро ба ҳалокат расондаанд. Бо вуҷуди иддаои Маскав дар бораи беҳтар шудани вазъи амниятии Доғистон, хушунатҳо дар ин ва дигар ҷумҳуриҳои Қафқози Русия ба таври пайваста идома дорад.
XS
SM
MD
LG