Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони як генерал ва чор майори покистонӣ


Додгоҳи низомии Покистон 5 афсари артишро бо ҷурми иртибот бо як гурӯҳи тундравb исломӣ маҳкум ба зиндон кард. Генерал Алихон, ки соли гузашта бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ҳизби Таҳрир дастгир шуда буд, 5 сол ҳукми зиндон гирифт. Ин гурӯҳ барои таъсиси хилофати воҳиди исломӣ мубориза мебарад ва дар кишварҳои зиёди мусалмонӣ, аз ҷумла дар Покистон мамнӯъ аст.
XS
SM
MD
LG