Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

169 қурбонии селу боришот дар Кореяи шимолӣ


Хабаргузории давлатии Кореяи шимолӣ хабар дод, ки сели дирӯза дар ин кишвар 169 кушта ба ҷо гузошт ва то 400 тани дигар беномунишон боқӣ мемонанд. Бино ба ин манбаъ, селу боришот беш аз 200 000 нафарро аз сарпаноҳ маҳрум кард ва беш аз 65 000 гектар замини кишт хароб шуд. Пхенян алакай аз СММ дархости кумак кардааст. Хисороти офоти ахир вазъи бе ин ҳам ҷиддии таъмини ғизо дар ин низоми инзивоъгарои коммунистиро боз ҳам бадтар мекунад. Патрик МакКормак, сухангӯи Сандуқи изтирории кӯдакони СММ гуфт, Кореяи шимолӣ тақрибан 10 сол боз бо камбуди доими ғизо рӯбарӯст.
XS
SM
MD
LG