Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон аз озмоиши мушаки "Фотеҳ" хабар дод


Мушаки "Фотеҳ-110"
Мушаки "Фотеҳ-110"
Вазири дифоъи Эрон Аҳмад Ваҳидӣ гуфт, Ҷумҳурии исломӣ озмоиши нусхаи такмилшудаи мушаки кӯтоҳпарвози раҳбурдии Фотеҳ-110-ро бомуваффақият анҷом додааст. Телевизиони Эрон аз қавли Ваҳидӣ гуфт, тӯли парвози ин мушак ҳудуди 300 километр буда, тавони асобати “ҳадафҳо дар халиҷи Форсу дарёи Уммон ва ҳам аҳдоaи рӯизаминиро дорад”. Вазири дифоъи Эрон гуфт, ин мушак табиати дифоъӣ дошта, “танҳо зидди онҳое истифода хоҳад шуд, ки нисбат ба Эрон қасди бад доранд.” Рӯз ва макони озмоиши мушаки “Фотеҳ-110” вале гуфта нашудааст.
XS
SM
MD
LG