Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъзоми нирӯҳои тоҷику қирғиз ба Чебаркӯл


Нирӯҳои эъзомии артиши Тоҷикистону Қирғизистон тавассути ҷангандаҳо ба машқгоҳи Чебаркӯл – маҳалли баргузории машқҳои муштараки кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ(ПАД) - мунтақил шуданд. Тоҷикистон ба ин машқи мавсум ба “Рубеж-2012” беш аз 150 афсару аскар фиристодааст. Марҳалаи амалии ин тамрин 6 август оғоз ёфта, то 10 август идома хоҳад кард. ПАД 7 кишвари собиқи шӯравиро дар меҳвари Маскав муттаҳид мекунад, вале Узбакистон ахиран узвияташ дар ин эътилофи амниятиро боздошт.
XS
SM
MD
LG