Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Ҳукумати шаҳри Хоруғ рӯзи шанберо барои сокинони ин шаҳр ҳамчун рӯзи корӣ эълон кардааст ва мардумро даъват намудааст, ки барои ободонии шаҳр дар ин рӯз саҳм бигиранд.

Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Хоруғ ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло вазъ дар шаҳр ором аст, вале осори харобиҳои рӯзҳое, ки амалиёти низомӣ сурат гирифта буд, хеле рӯшан ба назар мерасад.

Аз ин худ сокинони шаҳр низ, ки пас аз фарорасидани оромӣ ба хонаҳояшон баргаштаанд мехоҳанд, манзилҳои осебдида ва биноҳои тахрибшудаи маъмурии шаҳро барқарор кунанд ва кӯчаву хиёбонҳоро ба тартиб оранд.

Ба иттилои ҳукумати шаҳри Хоруғ ҳоло ҳамаи афроде, ки дар таърихи 24 июл бо оғози амалиёти низомӣ манзилҳои зисти худро тарк карда буданд, дубора баргаштаанд.
XS
SM
MD
LG