Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари матбуоти Русия дар бораи афғонон таъйид нашуд


Рӯзи ҷумъа мақомоти расмии Тоҷикистон ва Афғонистон иддаоеро дар ин бора, ки аз Тоҷикистон муҳоҷирони афғонро баъд аз рӯйдодҳои ахири Хоруғ берун рондааст, рад карданд.

Матбуоти Русия аз номи як дипломати афғон, ки аз вай ном бурда намешавад, гузориш додааст, ки мақомоти расмии Тоҷикистон афғонҳоро аз Тоҷикистон берун меронанд.

Аммо сафоратхонаи Афғонистон дар Душанбе ва Хадамоти Муҳоҷирати Тоҷикистон ин хабарро комилан дурӯғ ва бепоя хонд.
XS
SM
MD
LG