Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ва Амрико рақибони медалҳо дар бозиҳои олимпии Лондон


Дар Лондон Бозиҳои сиюми тобистонаи олимпӣ бо ширкати варзишгарони 204 кишвар ҷараён доранд. Аз рӯи натиҷагирии шаш рӯзи мусобиқот варзишгарони 49 кишвар барандагони медалҳои олимпӣ шуданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мисли пешин Чин бо касби 34 медал, аз он ҷумла 18 нишони тилло дар мақоми аввал аст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 37 медал, аз ҷумла 18 нишони тилло дар ҷойи дувум қарор дорад.

Мунтахаби Куриёи Ҷанубӣ бо 14 медал, аз он ҷумла 7 нишони тилло дар ҷои севум мебошад.

Умуман, варзишгарони 23 кишвар дар шаш рӯзи мусобиқот ба унвони қаҳрамони Олимпиадаи Лондон мушарраф гаштанд.

Вале варзишгарони тоҷик то имрӯз медал ба даст наовардаанд ва дар айни ҳол ҳафт нафарашон аз Лондон бо дасти холӣ бармегарданд.
XS
SM
MD
LG