Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Катерина Измайлова аз мубориза барои нишони олимпӣ маҳрум шуд


Катерина Измайлова, шиновари Тоҷикистон, дар Олимпиадаи Лондон ноком шуд.

Дар сабқати интихобӣ дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод ҳамагӣ 74 нафар дар 10 гурӯҳ рақобат карданд. Катерина Измайловаи 35-сола дар гурӯҳи худ миёни 8 нафар бо натиҷаи 31,27 сония мақоми панҷумро касб кард. Клашин Карин О'Рейлли аз кишвари Антигуа ва Барбуда бо натиҷаи 30,01 сония ғолиби гурӯҳ шуд.

Дар сабқати интихобӣ миёни 74 нафар Раноми Кромовидҷоҷо аз Нидерланд бо натиҷаи 24.51 сония дар ҷойи аввал, ҳамдиёраш Марлин Велдҳуис бо натиҷаи 24.57 дар ҷойи дувум, Франсеска Ҳалсалл (Бритониёи Кабир) бо натиҷаи 24.61 дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

Катерина Измайлова бошад, дар ҳисоби умуми дар байни 70 нафар ҷойи 60-умро касб кард.

Ҳамин тариқ,16 нафар беҳтаринҳо ба сабқати ниманиҳоӣ, ки имшаб баргузор мешавад, роҳ ёфтанд. Барандагони медалҳои олимпӣ дар ин навъи шиноварӣ 4-уми август дар сабқати ниҳоӣ муайян хоҳанд шуд.

Бояд гуфт, ки рекорди ҷаҳонӣ дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод 23,73 сония ва рекорди олимпӣ 24,06 сония мебошад.

Ёдовар мешавем, Катерина Измайлова дар Олимпиадаи Пекин дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод дар сабқати интихобӣ бо натиҷаи 32,09 сония дар зинаи охирин ҷойгир шуда буд.

Имрӯз, 3-юми август, соати 15:20 ба вақти Душанбе варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назарови 30-сола дар гурзандозӣ рақобат мекунад. Дар сабқати интихобӣ 41 варзишгар дар ду гурӯҳ қувва меозмоянд. Аз ду гурӯҳ 12-нафар беҳтаринҳо ба сабқати ниҳоӣ, ки шаби 5-уми август баргузор мешавад, роҳ меёбанд. Дилшод Назаров ба гурӯҳи “А” шомил аст.

Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров дар Олимпиадаи соли 2008-ум дар Пекин дар сабқати интихобӣ бо натиҷаи 75 метру 34 сантиметр дар гурӯҳи “А” мақоми панҷумро касб карда, ба финал баромада буд. Дар марҳилаи ниҳоӣ ӯ бо натиҷаи 76 м 54 см миёни 12 нафар беҳтаринҳо дар ҷойи 11-ум қарор гирифт.

Ба ин тартиб, ҳафт варзишгари Тоҷикистон – тирандоз Сергей Бабиков, муштзанҳо Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов, дзюдочиён Расул Боқиев, Парвиз Собиров ва шиновар Катерина Измайлова аз Лондон бе медали олимпӣ бармегарданд.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон:

3-юми август
Варзиши сабук. 15.20. Дилшод Назаров (гурзандозӣ, сабқати интихобӣ).

6-уми август
Бокс. 19.15. Мавзуна Чориева (то 60 кг, 1/4 финал).
Варзиши сабук. 23.20. Владислава Овчаренко (200 м, занон, даври 1-ум).

10-уми август
Таэквондо. 13.15. Фарҳод Неъматов (то 80кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.00. Николай Ноев (то 55 кг, 1/8 финал).

11-уми август
Таэквондо. 13.15. Алишер Гулов (+80 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 17.30. Юсуф Абдусаломов (то 84 кг, 1/8 финал).

12-уми август
Гуштии озод. 13.00. Зелимхон Юсуфов (то 66 кг, 1/8 финал).
Гуштии озод. 13.00. Искандари Рустам (то 96 кг, 1/8 финал).

Эзоҳ: Замони оғози мусобиқот ба вақти Душанбе аст.
XS
SM
MD
LG