Пайвандҳои дастрасӣ

Довари Туркман дар Олимпиада аз мақом барканор шуд


Ишонгулу Меретниёзов

Ишонгулу Меретниёзов

Дар бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон рӯзи панҷшанбе як довари бокс аз Туркманистон ва як корманди фаннӣ аз Озарбойҷон барои доварӣ ва тамоси нодуруст дар мусобиқаи бокс ё муштзанӣ аз мақомашон барканор шуданд.

Довар Ишонгулу Меретниёзовбарои он мавриди интиқод қарор гирифт, ки рӯзи чаҳоршанбе дар мусобиқаи миёни Сатошӣ Шимизу-муштзани ҷопонӣ ва Муҳаммад Абдулҳамидов-муштзани озарӣ бозиро боз надошт, зеро муштзани озарӣ беҳол шуда буд ва чанд бор аз беҳолӣ афтод.

Гузашта аз ин, Меретниёзов барои ба ҳуш омадани муштзани озарӣ бештар вақт медод. Ғайричашмдошт муштзани озарӣ бо ҳисоби 22-17 пирӯз эълон шуд. Вале баъд аз шикоят пирӯзӣ насиби Шимизу-муштзани ҷопонӣ шуд.

Қарордоди олимпии Оқоҷон Абиеви озарӣ низ барои тамос бо дастаи кишвари худ ботил эълон шуд.
XS
SM
MD
LG