Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сесад сарбози ҳукуматӣ Хоруғро тарк карданд


Тибқи иттилои як манбаи мӯътамад, аз дирӯз то ба имрӯз ҳудуди 300 тан аз сарбозони вазорати дифоъ ҳудуди Бадахшонро тарк кардаанд.

Ин сарбозон рӯзи 22-юми июли соли равон барои анҷоми амалиёти махсуси ниҳодҳои қудратӣ алайҳи гурӯҳҳои силоҳбадаст, ба Хоруғ фиристода шуда буданд.

Ин манбаъ мегӯяд, ки як ҳафта қабл раванди бозгардондани ҷузъутомҳои ниҳодҳои қудратӣ оғоз шуда буд ва марҳила ба марҳила сарбозоне, ки барои амалиёт ба Хоруғ оварда шуда буданд, ба қисмҳои ҳарбии худ баргардонида мешаванд.

Аз ин қабл манбаи "Озодӣ" дар Бадахшон хабар дода буд, ки дар Хоруғ як баталиони 500-нафарӣ боқӣ монда, нерӯҳои изофӣ ба қароргоҳашон бармегарданд. Ин тасмим ба дунболи поён ёфтани амалиёти низомӣ дар маркази вилояти Бадахшон ва ҳам таъмини шароити хуби будубош барои сарбозону афсарон, ки теъдодашон аз 2 ҳазор нафар зиёд аст, гирифта шудааст.

Ба дунболи интиқоди раиси вилояти Бадахшон, Қодири Қосим, аз зиёдаравии гурӯҳҳои таъйиноти махсус ва таҷаммӯи сокинон баъд аз зӯҳри 31-уми июл, нерӯҳо аз маҳаллаи "УПД"-и шаҳри Хоруғ низ бароварда шудаанд. Илова бар ин, нишонзанҳое, ки дар чаҳор гӯшаи шаҳр ва дар домани кӯҳҳо камин гарифта буданд, ин ҷойҳоро тарк мекунанд.

Гуфта мешавад, ки баталиони махсуси 500-нафарӣ умдатан аз нерӯҳои вазорати умури дохилии Тоҷикистон иборат буда, то ба анҷом расидани марҳилаи халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ, дар Хоруғ боқӣ хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG