Пайвандҳои дастрасӣ

Маъмурияти нокоми СММ дар Сурия. Кофӣ Анон канор рафт


Кофӣ Анон эълом дошт, ки мақоми фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи кишварҳои араб дар умури Сурияро тарк мекунад.

Рӯзи панҷшанбе дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Женева ӯ гуфт, ки “ман ба Дабири кулли СММ ва Дабири кулли Ҷомеаи кишварҳои араб хабар додам, ки баъди хатми мандатам дар охири моҳи август, онро тамдид нахоҳам кард”.

Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ аз ин тасмими Кофӣ Аннон изҳори таассуфи амиқ кард.

Кофӣ Аннон ба хотири хатми низоъ дар Сурия тарҳи сулҳро таҳия карда буд, ки он берун кардани нерӯҳои низомӣ ва тонку зиреҳпӯшҳо аз шаҳрҳо, ёрии башарӣ ба сокинони шаҳрҳои гирифтори даргириҳо, раҳоии маҳбусон ва фаъолияти бидуни монеъаи хабарнигорон дар Сурияро дарбар мегирад. Аммо ин тарҳ аз сӯи ягон ҷониби даргир дар Сурия риоя намешуд ва хушунат то имрӯз идома дорад.

Тайи чанд моҳи ахир дар долонҳои СММ барои ҳалли қазияи Сурия ягон созиш ҳосил нашуд. Ва дар ин Кофӣ Анон, қабл аз ҳама Шӯрои амниятро муқассир медонад. Дар як нишасти хабарӣ ӯ гуфт, “дар марҳалае, ки барои мо, барои мардуми Сурия амалҳои фаврӣ заруранд, дар Шӯрои амният ҷустуҷӯи гунаҳкорон ва айбгузорӣ ба ҳамдигар идома дорад”.

Сафири Русия дар СММ Виталия Чуркин изҳор намуд, ки Русия ҳамеша аз Анон пуштибонӣ мекард ва мутмаин аст, ки ӯ як моҳи боқимондаро пурсамар истифода мекунад. Дар робита ба ангезаи истеъфои Аннон ӯ гуфт, “фикр мекунам, талошҳои Кофӣ Анон барои он бо ин миқдор мушкилиҳо рӯбарӯ шуданд, ки ба даъватҳои ӯ барои ҷилавгирӣ аз низомисозии низоъ баъзе аъзои бонуфузи ҷомеъаи байнулмилалӣ муқовимат карданд”.

Вошингтон, дар навбати худ, Русияву Чинро гунаҳкори истеъфои Кофӣ Анон мехонад. Намояндаи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ гуфт, ки аз сӯи Маскаву Пекин пуштибонӣ нашудани қатъномаҳо алайҳи режими Димишқ билоохира ба бунбасти дипломатӣ овард. Шӯрои амнияти СММ то ҳол дар мавриди Сурия ба ягон созиш нарасидааст. Русия ва Чин се бор ба қатъномаҳои Шӯрои амният вето гузоштанд ва гуфтанд, ки садди роҳи ҳама гуна талошҳои тағйири режим дар Сурия хоҳанд шуд.

Бан Ки Мун ахиран гуфт, ки мавзӯъи ҷойгузини Кофӣ Анонро бо Ҷомеаи кишварҳои араб баррасӣ кардааст. Кофӣ Анон моҳи феврал фиристодаи муштараки СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб дар умури Сурия таъйин шуда буд.

Имрӯз Маҷмааи кулли СММ тарҳи қатънома оид ба авзоъ дар Сурияро баррасӣ мекунад. Дар ин санад аз тарҳи сулҳи фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи кишварҳои араб дар умури Сурия Кофӣ Анон пуштибонӣ шуда, ҳукумати Башор Асад барои нақзи ҳуқуқи башар танқид шудааст. Дар қатънома даъвати мустақим барои таҳримҳои нави байнулмилалӣ алайҳи Димишқ ҷой надорад ва аммо Русияву Чин аллакай эълом доштанд, ки аз он пуштибонӣ нахоҳанд кард. Қарори Маҷмааи кулл дар қиёс бо қатъномаи Шӯрои амният барои иҷро ҳатмӣ нест.

Ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, ки аз шурӯи намоишҳои эътирозии зиддиҳукуматӣ дар моҳи марти соли гузашта, тақрибан 20 ҳазор суриягиҳо ҷон бохтанд. Даҳҳо ҳазор нафар Сурияро тарк намуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG