Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷмааи кулли СММ авзоъ дар Сурияро баррасӣ мекунад


Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид имрӯз тарҳи қатънома оид ба авзоъ дар Сурияро баррасӣ мекунад. Дар ин санад аз тарҳи сулҳи фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб дар умури Сурия Кофӣ Аннон пуштибонӣ шуда, ҳукумати Башор Асад барои нақзи ҳуқуқи башар танқидшудааст.

Дар қатънома даъвати мустақим барои таҳримҳои нави байнулмилалӣ алайҳи Димишқ ҷой надорад ва аммо Русияву Чин аллакай эълом доштанд, ки аз он пуштибонӣ нахоҳанд кард. Қарори Маҷмааи кулл дар қиёс бо қатъномаи Шӯрои амният барои иҷро ҳатмӣ нест.

Аз ин пеш Вошингтон Русияву Чинро дар он айбдор кард, ки ба истеъфои Кофӣ Аннон, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб дар умури Сурия, мусоидат карданд. Аннон рӯзи панҷшанбе эълом дошт, ки баъд аз хатми мандаташ дар охири моҳи август онро тамдид нахоҳад кард. Ӯ гуфт, аз ҷонибдорие, ки ҳалли мушкили Сурия ба он зарурат дорад, бархурдор набуд. Намояндаи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ изҳор намуд, ки аз сӯи Маскаву Пекин пуштибонӣ нашудани қатъномаҳо алайҳи режими Димишқ боис ба бунбасти дипломатӣ гардад.

Дар навбати худ Виталий Чуркин, намояндаи Русия дар СММ, истеъфои Аннонро бо он марбут кард, ки талошҳояш барои ҷилавгирӣ аз идомаи хушунат дар Сурия бар асари муқовимати “бархе аз аъзои бонуфузи ҷомеъаи ҷаҳонӣ” ноком шуданд.

Дар ҳамин ҳол дар бораи идомаи даргирӣ дар шаҳри Ҳалаби Сурия хабар мерасад. Ошӯбгарон мегӯянд, ки тақрибан нисфи шаҳрро таҳти назорат доранд ва аммо ин иттилоъ аз сӯи дигар манбаъҳо тайид нашудааст.
XS
SM
MD
LG