Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти ХБМ баъд аз баста шудани сомонаҳо дар Тоҷикистон


Созмони Хабарнигорони бидуни марз бо пахши изҳороте гуфтааст, ки Тоҷикистон бо қатъи дастрасӣ ба баъзе сомонаҳои интернетӣ худро ба рӯйхати кишварҳои “душмани интернет” наздик кардааст.

Ин созмон гуфтааст, Тоҷикистон бо мунтазам сонсур кардани интернет дар як радиф бо ҳамсояи худ Қазоқистон қарор гирифтааст ва дар ниҳояти амр метавонад дар як радиф бо Узбакистону Туркманистон ҷой бигирад.

Изҳороти Хабарнигорони бидуни марз баъд аз баста шудани сомонаи хабаргузории “Азия-Плюс”, хабаргузории русии “РИА Новости” ва чанд сомонаи дигар пахш шуд.

Аз оғози амалиёти низомӣ дар Бадахшон мақомот бо баҳонаҳое дастрасӣ ба баъзе сомонаҳоро маҳдуд карданд. Дар давоми даҳ рӯзи ахир баъд аз амалиёти Хоруғ сомонаи “Азия-Плюс” ду бор баста шуд. Чанд сомонаи дигар аз ҷумла сомонаи русии Би Би Си ва YouTube дастнорас буданд.
XS
SM
MD
LG