Пайвандҳои дастрасӣ

Путин ва Камерон дар Лондон вазъи Сурияро баррасӣ карданд


Девид Камерон ва Владимир Путин

Девид Камерон ва Владимир Путин

Имрӯз Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар Лондон бо Девид Камерон-нахуствазири Британия роҷеъ ба вазъи Сурия музокира анҷом доданд. Ин ду кишвар дар бораи роҳҳои ҳали бӯҳрони Сурия ваҳдати назар надоранд.

Баъд аз музокирот Девид Камерон ба матбуот гуфт, ки то ҳол ин ду кишвар дар бораи беҳтарин роҳҳои рафъи ин бӯҳрон дар ин кишвари Ховари Миёна ба тавофуқ нарасидаанд. Камерон гуфт, “баъзе тафовутҳо вуҷуд дорад”, вале илова кард, ки ҳар ду ҷониб мехоҳанд, ки хунрезӣ дар Сурия хотима ёбад.

Бино ба маълумоти фаъолони Сурия, аз оғози даргириҳо то ҳол дар Сурия 18 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Путин гуфт, “мо ба тавофуқ расидаем, ки дар ёфтани роҳи ҳал ҳамкорӣ мекунем”.
XS
SM
MD
LG