Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйиру иловаҳо ба қонуни замин деҳқонро сарватманд мекунад ё ба "ғулом" табдил медиҳад?


Замин, дар Тоҷикистон моликияти давлатист, аммо акнун ҳуқуқи истифодаи он нархгузорӣ ва харидуфурӯш мешавад.

Рӯзи якуми августи соли равон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тарҳи тағйири Қонуни заминро, ки баҳси он чанд сол ба ин сӯ давом дошт, имзо кард.

Кормандони Оҷонсии заминшиносӣ, геодезӣ ва нақшакашӣ, ки дар таҳияи ин тарҳ ширкат доштаанд, таъкид мекунанд, ки бо амалӣ шудани ин қонун ҳуқуқ, шароит ва имкониятҳои кишоварзон барои истифодаи пурсамари замин бештар мешавад. Акрамҷон Қаҳҳоров роҳбари корхонаи «Марказ-замин дар назди» Оҷонсии заминшиносӣ, геодезия ва нақшакашии Тоҷикистон мегӯяд, то имрӯз ҳолатҳои зиёде буд, ки деҳқонон бо ҳадафи пеш бурдани кори худ, бар ивази қарз дар баробари замин хона ва дигар дороиҳояшонро ба гарав гузошта, ин ҳамаро аз даст медоданд, аммо бар асоси навигарии қонун, онҳо акнун метавонанд, танҳо бо пешниҳоди муҷаввизи ҳуқуқи истифодаи замин, ба унвони гарав аз бонкҳо қарз бигиранд: «Зарурати
қабули ин қонун ҳам, ҳамин буд. Онҳо дутарафа зарар медиданд, дар сурати иҷро нашудани шарти қарз хонаву дороиҳояшонро аз даст медоданд. Ҳоло барои деҳқон хеле осон мешавад. Ҳоло бинед онҳо барои қарз гирифтан чӣ қадар азоб кашида гаштаанд, барои кишту кораш дар мавсими аввалӣ замини холӣ дорад ва дар ин ҳолат вай ба кӯмак ва маблағ ниёз дорад. Ҳоло мо дар пайи таҳиясозии дастурамалҳо оиди муайян намудани нархи арзиши ҳуқуқи истифода ва андози замин ҳастем. Бо ба пуррагӣ омода шудани ин қонун он мавриди амал қарор хоҳад гирифт.»

Ба гуфтаи ҷаноби Қаҳоров то қабули ислоҳот замин танҳо дар доираи талаботи қонун ва бо қарори ҳукуматҳои маҳаллӣ аз номи як нафар ба нафари дигар мегузашт.

Пешниҳодҳои таъсис бозори харидуфурӯши замин сар аз соли 2007 садо медоданд. Он замон сари лоиҳаи қонуни мазкур дар Маҷлиси намояндагон низ муҳокимаҳои шадид сурат гирифта, ба як мавзӯи доғи маҳофили сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон табдил ёфта буд.

Қурбоналӣ Партоев номзади илмҳои кишоварзӣ мегӯяд, талошҳои тағйири кодекси замин аз соли 1999 сар шудаанд ва бо қабули ин қонун ҳам ба андешаи ӯ наметавон ба ин баҳс нуқта гузошт. Дар бисёр ҷо заминро афроди дур аз соҳаи кишоварзӣ ба роҳҳои мухталиф аз худ кардаанд ва дар сурати ба таври зарурӣ амалӣ нашудани қонуни нав аз эҳтимол дур нест, ки ин вазъ боз бадтар хоҳад шуд ва мисли замони феодалию ғуломдорӣ боз танҳо одамони сарватманд молики замин мешаванду, деҳқонони оддӣ зердасти онҳо: «Худатон медонед, ки имрӯз афроде ҳастанд, ки чандин маротиба дороияшон нисбати мардуми оддӣ зиёд аст ва дастрасии онҳо ба замину об ва дигар воситаҳои истеҳсолот ниҳоят калон аст. Дар ин маврид бояд ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи замин ҳамроҳ бо олимон корро хуб ба роҳ монанд, то нашавад, ки як гурӯҳи одамон боз доротар шаванду дигар қишр аслан аз замин маҳрум шаванд. Дар ҳамин шароите, ки мо ҳоло қарор дорем. Аз сабаби норӯшан будани бисёр корҳо мумкин аст, ки заминҳо моли одамони амалдор гарданд. Дар ин маврид бояд масъулини ниҳодҳои зидди фасод корро ҷиддӣ ба роҳ монанд».

Дар ҳамин ҳол ҳуқуқшинос Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ислоҳе, ки ба қонун ворид шуд, барои кишоварзони тоҷик гапи нав нест, дар гузашта низ замин миёни онҳо додугирифт мешуд, ҳарчанд ин амал ҷанбаи қонунӣ надошт: «Ҳозир хоҷагиҳои деҳқонӣ дар номи як қатор одамон аст ва онҳо инро ғайриқонунӣ ба дигар одамон иҷора медоданд ва аз он иҷорапулӣ ва андози давлатро супурда боз худ манфиат мегиранд. Вале аз сабаби он, ки қонун инро иҷозат надода буд он бо дигар роҳҳо ва пинҳонӣ сурат мегирифт. Акнун ин қонунӣ мешавад ва ин ҳолат ба манфиати кор аст. Чун одаме, ки дар замин кор мекунад вай манфиатдор мешавад, зеро медонад, ки метавонад заминро фурӯшад ва ё ба гарав монад».

Ба ин тартиб бархе ба ин боваранд, ки тағйиру иловаҳо дар кодекси замин ба деҳқон имкон медиҳад, ки аз пули фючеристҳои ба истилоҳ, «ғоратгар» сарфи назар намуда, аз хидмати бонкҳои давлатӣ истифода кунанд. Аммо гурӯҳи дигар, ки аз хатари варшикастагии деҳқонон ва ба ихтиёри бонкҳо гузаштани замин ҳушдор медиҳанд, аз ин тағйири қонун истиқбол намекунанд. Онҳо мегӯянд, ба ин тартиб мардум мумкин аст аз ягона воситаи даромади худ, замин маҳрум шаванд.

Аммо масъулини оҷонсии заминшиносӣ, геодезӣ ва нақшакашӣ, ки ҳоло дар пайи омодасозии дастурамале барои роҳандозии навовариҳо дар кодекси заминананд, мегӯянд, онҳо талош доранд, ҷиҳати ҷилавгирӣ аз монополияи замин ва ба хотири пеш наомадани дигар мушкилиҳое, ки ишора шуд, дар тақсим ва ё харидуфурӯши ҳуқуқи истифодабарии замин маҳдудият пешбинӣ кунанд.

Бо ин ҳол Қурбоналӣ Партоев номзади илмҳои кишоварзӣ мегӯяд, Тоҷикистон кишвари камзамин аст ва аҳолии он солона 2 дарсад афзоиш меёбад, бино бар ин, масъулон бояд бо ин иктифо накарда дар ҷустуҷӯйи шаклу роҳҳои нави ислоҳоти замин шаванд ва роҳеро ёбанд, ки ба истифодаи босамари ҳар як ваҷаби замин, бардоштани 2 - 3 ҳосил дар сол ва таъмини бехатарии озуқаворӣ имкон диҳад.
XS
SM
MD
LG