Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Путин аз Лондон баъд аз 9 сол


Владимир Путин

Владимир Путин

Имрӯз Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия вориди Лондон шуд. Вай дар мулоқот бо Девид Камерон-нахуствазири Британия вазъ дар Сурияро баррасӣ мекунанд.
Дмитрий Песков-сухангӯи раиси ҷумҳури Русия ба рӯзноманигорон гуфт, ин нахустин боздиди Владимир Путин дар 9 соли ахир аз Лондон аст ва вай дар ин боздид аз мавзеъгирии Русия дифоъ хоҳад кард, то “бори дагир ҳали бӯҳрон аз роҳи музокира имконпазир бошад”.

Ба гуфтаи Песков, Путин ва Камерон “дар бораи муносиботи ҷонибҳо низ табодули назар “ хоҳанд кард. Ба ин муносибот дурнамои рушди тиҷорат, ҳамкориҳои иқтисодиву энержӣ ва имконоти сармоягузорӣ дохил мешавад.

Интизор меравад, ки Путин ҳамзамон ба тамошои мусобиқаҳои дзюдо дар бозиҳои олимпӣ биравад ва мусобиқаи Тагир Хайбуллаев-қаҳрамони ҷаҳон ва Вера Москалюк-барандаи медали нуқраи мусобиқоти ҷаҳониро бубинад.
XS
SM
MD
LG