Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон фурӯши барқ ба Қазоқистонро шурӯъ кард


Тоҷикистон аз қаламрави Қирғизистон судури нируи барқ ба Қазоқистонро оғоз кардааст. Дар ин бора ширкати "Барқи Тоҷик” ба матбуот хабар додааст.

Бо назардошти ин, ки оби обанбори Норак бидуни истифода дар ниругоҳ ба рӯдхона ҷорӣ мешуд, ҷониби Тоҷикистон дар музокира бо Қазоқистон розӣ шудааст, ки ҳар киловат нируи барқро ба ин кишвар дар ивази 2 сент бидиҳад.

Мизони содироти нируи барқи Тоҷикистон ба Қазоқистон аз шабакаҳои интиқоли нируи барқи Қирғизистон дар як шабонарӯз 500 ҳазор киловат-соатро ташкил медиҳад. Шабакаҳои Қирғизистон имкони интиқоли бештари нируи барқро надорад.
XS
SM
MD
LG