Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки ҳукумати Тоҷикистон ба осебдидагони Хоруғ


Дафтари матбуотии вазорати кор ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рузи паҷшанбе хабар дод, ки як корвони мошинҳои ҳомили маводи ғизоӣ барои аҳолии шаҳри Хоруғ субҳи имрӯз ба самти Бадахшон ба роҳ баромадааст.

Тибқи ин хабар, корвони кӯмакҳо аз 430 тон орд,158 тон шакар, 198 тон биринҷ, 158 тон рағани растанӣ ва 80 тон анвои макарониро дар бар мегирад.

Бахши аслии ин кӯмакҳо ба сокинони Хоруғ тааллуқ дорад, ки бар асари амалиёти ахири низомӣ алайҳи гуруҳҳои мусаллаҳ осеб дидаанд.
XS
SM
MD
LG