Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар маркази Кобул 8 шӯришӣ ифшо ва ба қатл расид


Имрӯз нируҳои амниятии Афғонистон дар як набарди 7 соата дар Кобул муваффақ шуданд, 8 нафар шӯриширо, ки нақшаи ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Кобулро дар сар мепарвариданд ифшо кунанд ва онҳоро аз байн бибаранд.

Баъд аз ифшои ин гурӯҳи террорист нируҳои артиши Афғонистон низ дар амалиёт ширкат доштанд. Се нафари дигар дар наздикии маҳале бо номи Пули Чархӣ дар шарқи шаҳри Кобул аз байн бурда шуданд.

Ин гурӯҳ мехост дар маркази Кобул ба як бинои баландтабақа ҳамла бибарад ва онро ба контроли худ дарорад. Мақомоти расмии Афғонистон ин амалиётро муваффақияти нируҳои амниятии кишвари худ арзёбӣ карданд.
XS
SM
MD
LG