Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти чанд мақоми расмии Афғонистон барои ҷосусӣ


Ниҳодҳои кашфи Афғонистони иддао кардаанд, ки чанд мақоми баландрутбаи ҳукуматиро барои ҷосусӣ ба нафъи кишварҳои ҳамсоя боздошт кардаанд. Раҳматуллоҳ Набил-раҳбари раёсати амнияти миллии Афғонистон ба порламон гуфт, онҳо 15 нафар мақомоти ҳукуматиро боздошт кардаанд ва дар миёни онҳо кормандони боломақом ва як генерал низ ҳаст.

Вай гуфт, баъзе аз онҳо эътироф кардаанд, ки ба нафъи хадамоти кашфи Покистон ва Эрон ҷосусӣ кардаанд. Ба гуфтаи оқои Набил, кормандони кашфи Афғонистон бо боздошти ин гуна шахсон аз як силсила суиқасдҳо ба ҷони кормандони аршади давлатӣ ва роҳ ёфтани ҷосусон ба суфуфи нируҳои амниятӣ пешгирӣ ба амал омадааст.
XS
SM
MD
LG