Пайвандҳои дастрасӣ

Нируҳо давлатӣ дар ҳаволии Димишқ 35 нафарро куштаанд


Атрофи Димишқ

Атрофи Димишқ

Рӯзи панҷшанбе фаъолони Сурия гуфтанд, ки дар амалиёти нируҳои давлатӣ дар атрофи шаҳри Димишқ 35 нафар кушта шудаанд. Баъзе аз ин қурбониёнро баъд аз шиканҷа ба қатл расондаанд.

Нозирони Ҳуқуқи башари Сурия марказаш дар Лондон мегӯяд, нируҳои давлатӣ ба ноҳияи Ҷудайд Артуз ворид шудаанд ва ҳудуди 100 нафар ҷавононро боздошт ва ба мактабе интиқол додаанд. Сипас ин ҷавонон дар мактаб мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, субҳи рӯзи панҷшанбе тонкҳову зиреҳпӯшҳо ин минтақаро тарк кардаанд ва ҷасадҳо дар кӯчаву хиёбонҳо ба назар мерасиданд.
XS
SM
MD
LG