Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ҲНИТ расман расидагӣ ба куштори Мамадризоевро тақозо кард


Сабзалӣ Мамадризоев

Сабзалӣ Мамадризоев

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба таври расмӣ аз аз Додситонии кулл тақозо кардааст, ки ба куштори Сабзалӣ Маҳмадризоев-раиси бахши ҲНИТ дар Бадахшон парванда боз ва расидагӣ сурат бигирад.

Ҳикматулло Сайфуллозода-сухангӯи ин ҳизб рузи панҷшанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин бора ҳизб ба Додситонӣ нома фиристодааст.

Др нома зикр шудааст, ки 24 июли соли равон шаҳрванд Сабзалӣ Мамадризоев-сокини шаҳри Хоруғ ва узви Раёсати Олии ҲНИТ ва раиси шӯъбаи ҳизб дар Бадахшон ба таври ваҳшиёна дар маҳдудаи нирӯҳои марзбонӣ дар маркази вилоят ба қатл расонида шудааст.
XS
SM
MD
LG